Фурсати кам барои кишт
Душанбе, 25.02.2014.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дода, бо иштироки раисони ҷамоатҳо, сарварони ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва масъулини сохторҳои дахлдор ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Аз хадамоти раиси вилоят хабар доданд, ки дар ҷаласа иҷрои Қарори раиси вилоят доир ба ислоҳоти замин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Мувофиқи нақша бояд 148 хоҷагии калон тақсим шавад. Дар ин замина 9109 саҳмдор барои ташкили 4150 хоҷагии оилавию инфиродӣ муроҷиат кардааст. То имрӯз пас аз интишори қарор ҳамагӣ 763 хоҷагии нав ташкил ёфта, 3387 ариза ҳанӯз баррасӣ нашудааст.
Раиси вилоят роҳбарияти ноҳия, раисони ҷамоатҳо ва масъулини дахлдорро барои кашолкорӣ дар иҷрои қарори мазкур интиқод карда, супориш дод, ки раванди таҷдидро дар муҳлати кӯтоҳтарин пурра амалӣ намоянд, зеро то мавсими нави кишт фурсати кам мондааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






