Гурӯҳи ҷиноятпешаи муташаккил барҳам дода шуд
Душанбе, 10.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) назди Президенти ҶТ ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноиро, ки ба интиқоли маводи нашъаовари синтетикии экстезӣ ба қаламрави вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе машғул буданд, қатъ намуданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, дар охири соли гузашта кормандони агентӣ маълумот гирифтанд, ки як гурӯҳ шахсон ба фурӯши ҳабҳои сахттаъсир машғул мебошанд. Қарор карда шуд, ки нисбат ба шахсони номбурда амалҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бурда шаванд.
Пас аз гузаронидани чорабиниҳои мазкур аз тарафи кормандони агентӣ чор нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва ҳабс шуданд, ки аз онҳо 1 ҳазору 106 дона ҳаби экстезӣ бо вазни умумии 260 грамм мусодира гардид.
Зимни тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки ҳамаи боздоштшудагон аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша мебошанд, ки бо интиқоли маводи дорувории манъшуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буданд. Мутобиқи итттилооти пешакӣ, гурӯҳи ҷиноятпешаи мазкур ҳабҳои манъшударо аз қаламрави яке аз кишварҳои Аврупо харид намуда, бо роҳи қочоқ ба шаҳри Хуҷанд интиқол медодаанд.
Пас аз он дар ҷои истироҳати оммавии ҷавонон бо нархи аз 20 то 30 доллари ИМА ба фурӯш мебароварданд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ аз рӯи қисми 4 моддаи 200 Кодекси ҷиноии ҶТ (муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо) оғоз карда шуд. Иштирокчиёни дигари гурӯҳи ҷиноятӣ муайян шуда истодаанд. Боздоштшудагон дар тавқифгоҳии муваққати нигоҳдорӣ ҷойгир шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






