Идомаи сохтмон ва таъмири роҳҳо
Душанбе, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз бо иштироки Асозода Хайрулло, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, зикр шуд, ки дар соли 2013 бо истифода аз 65,3 млн. сомонӣ маблағгузории дохилӣ 295,7 км роҳ ва 62 адад пул таъмиру барқарор гардид. Аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ дар 18 иншоот ба маблағи 9,9 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардиданд. Ҳамчунин дар ин давра аз ҷониби КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ» ба маблағи 5,3 млн. сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ иҷро гардид, аз ин 3,5 млн сомонӣ ба лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои инвеститсионӣ татбиқ мешаванд, рост меояд. Оид ба нақшаҳои оянда вазири нақлиёт изҳор дошт, ки ба анҷом расонидани сохтмони роҳи Душанбе-Чин ва силсилаи дигар роҳҳо дар назар аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






