Имтиёзҳо барои довталабон муайян шуданд
Душанбе,28.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тартиби имтиёзҳоро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муаяйн намуд.
Тибқи қарори баррасишуда довталабоне, ки падару модарашон вафот кардаанд, аз пардохти маблағ озоданд ва довталабоне, ки ё падар ё модарашон вафот кардаанд, танҳо 50% аз маблағи муқарраршударо пардохт мекунанд.
Ба иттилои Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурӣ қарори мазкур ҳангоми бақайдгирии довталабон дар сурати пешниҳоди нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки мақомоти давлатии ваколатдор додааст, аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ба инобат гирифта мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






