Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ
Душанбе, 8.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бозиҳои 22-юми зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуд.
Дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.
Ин намоиши таассурбахшро беш аз 40 ҳазор тамомшобин аз варзишгоҳ ва зиёда аз 3 миллиард нафар тавассути телевизион тамошо карданд.
Дар таҳияи ин барнома 12 ҳазор мутахассисони гуногун ва дар паради варзишгарон 3,5 ҳазор варзишгар ва ҳамроҳони онҳо аз бештар аз 100 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Тоҷикистонро дар бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи лижарони тоҷик Алишер Қудратов намояндагӣ мекунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






