Истифодаи самараноки об дар биноҳои истиқоматӣ
Душанбе, 25.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- «Сарфаҷӯӣ ва истифодаи самараноки оби ошомиданӣ дар биноҳои истиқоматии серошёна»- таҳти чунин унвон имрӯз дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» семинар-омӯзиш доир гардид.
Дар семинари мазкур бахшҳои хусусӣ, сокинони манзилҳои истиқоматӣ, намояндагони ШСХК «Барқи тоҷик» ва хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ иштирок дошта, оид ба ҳал ва бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта сухан гуфтанд.
Семинар-омӯзиш дар ду қисмат идома кард. Даври аввал баррасии низоъҳо ва роҳҳои ҳалли онҳоро дар гирифта, коршиносони соҳа пешниҳодҳои худро оид ба ҳалли мушкилот иброз доштанд. Дар даври дуюми семинар-омӯзиш, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ барои иштирокчиён ва ВАО-ро дар бар мегирифт, иштирокчиён сертификати Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишварро дастрас карданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






