Кабкҳои даштӣ-тӯҳфа ба хонаи кӯдакон

Февраль 5, 2014 15:59

       Душанбе,  5.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).-  Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва ҳифзи захираҳои моҳӣ тибқи нақшаи муштарак бо шуъбаи милитсияи экологӣ дар шаҳри Душанбе рейдҳои муштарак  доир намуд. Зимни  рейдҳои фаврӣ маълум гардид, ки то ҳанўз аз тарафи сокинони ноҳияҳои атрофи пойтахт вайрон намудани мувозинати табиат, бахусус муносибат ба олами набототу ҳайвонот, ҳифзи захираҳои моҳӣ,  худсарона фурўхтани кабк, моҳӣ ва бе ҳуҷҷатҳои лозимӣ ба фурўш баровардани ҳезум ба мушоҳида расид. Дар аснои рейди навбатӣ дар ҳудуди бозори «Саховат» аз тарафи Иброҳим Мирзоев, сокини ноҳияи Мӯъминобод якчанд килограмм ширмоҳӣ ва аз Ҳотам Искандаров, сокини ноҳияи Рўдакӣ  кабкҳои даштӣ  мусодира ва ба хонаи кўдакони  № 1 супорида шуданд. 
Ҳамзамон аснои гузаронидани рейд дар кўчаи Қаҳҳоров шаҳрванд Искандари Маҳмадисо, сокини ноҳияи Балҷувон дар асоси моддаи 242-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бе ҳуҷҷати мақомоти дахлдор кашонидани ҳезум асноди дахлдор таҳия гашта, ҳезум мусодира ва ба хонаи кўдакони синни томактабии № 1-и шаҳри Душанбе супорида шуд. Оид ба иттилои сардори шуъбаи назорати истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе Ҳомидҷон Иброҳимов аз оғози соли ҷорӣ ҳар ҳафта рўзҳои шанбе дар ҳамкорӣ бо нозирони шуъбаи милитсияи экологии шаҳри Душанбе санҷишҳои муштараки фаврӣ гузаронида мешаванд. Ҳадаф аз амалишавии ин тадбир,- мегўяд Ҳомидҷон Иброҳимов,- пешгирӣ намудани қонуншиканӣ дар самти муҳити зист буда, бори дигар тавҷҷуҳи сокинонро ба дўст доштани олами наботот ва ҳайвонот ҷалб менамояд.  
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе Саидаҳмади Акрампур иттилоъ дод.
                                                      

Февраль 5, 2014 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд