Конфронс ҷиҳати омӯзиши муҳоҷират

Февраль 26, 2014 10:22

 
Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳоро пайгирӣ менамояд.
Ҳамзамон Хадамоти муҳоҷират тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015», ки  тасдиқ гардидааст, 5 марти соли 2014 оид ба корҳои иҷрогардида аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории конфронси илмӣ-амалиро ба нақша гирифтааст. Тавре ки аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, тибқи барномаи конфронси мазкур дар он  иштироки зиёда 30 вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ дар назар аст.
 
 
 
 
 

Февраль 26, 2014 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш