Лора Так дар мавриди “Роғун”, ҳадафҳои стратегӣ ва 13 барномаи муштарак
Душанбе, 10.02.2014. (АМИТ “Ховар”).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Так як силсила масоили вобаста ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Лора Так пас аз мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма роҷеъ ба натиҷаҳои ин дидор изҳорот дод. Хонум Лора Так гуфт: “Дар доираи ин мулоқот мо масоили ҳамкориҳои васеи миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла татбиқи 13 барномаи муштарак бо маблағи умумии 220 миллион доллари амрикоиро баррасӣ намудем. Инчунин дар доираи стратегияи ҳамкории дуҷониба ба мавзӯи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи даромади табақаи камбизоати аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ҷаноби Президент аз аҳдофи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ гуфта гузашт. Масъалаи рушди бахши хусусӣ ва дар заминаи он рушди босуботи мамлакат дар дидори мо муҳокима гардид.
Ҳоло ҷиҳати мусоидат ба раванди расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ лоиҳаеро баррасӣ карда истодаем. Татбиқи ин лоиҳа метавонад барои соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфид бошад ва ҷиҳати баланд намудани сатҳи ҳосилнокӣ мусоидат кунад.
Оид ба бехатарии энергетикӣ мо масъалаҳои кам кардани талафоти барқ, бартарафсозии норасоии нерӯи барқ дар фасли зимистон ва дигар масоили вобаста ба ин бахшро баррасӣ намудем.
Оид ба баромадани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ мо суҳбати тӯлонӣ доштем, ки дар ин росто масоили дастгирии лоиҳаҳои ҷониби Тоҷикистон аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ дар самти бунёди роҳҳо ва роҳҳои оҳан муҳокима гардид. Мо дар мавриди ҳарчи бештар ворид намудани технологияи муосир ба кишвар ҷиҳати рушди соҳаи савдо ва сармоягузорӣ ибрози назар намудем ва ман мутмаинам, ки ин иқдом аз ҷониби Корпаратсияи байналмилалии молиявӣ дастгирӣ хоҳад ёфт.
Дар ин мулоқот инчунин мо масоили ҷараёни омӯзиши лоиҳаи НБО “Роғун” аз ҷониби Бонки ҷаҳониро баррасӣ намудем. Ман ба Президенти Тоҷикистон гуфтам, ки Тоҷикистон ҷиҳати омӯзишҳои ниҳоят шаффоф ва бо иштироки тамоми ҷонибҳои дахлдор имконоти лозимиро фароҳам кардааст, то мо тавонем ба ҳамаи суолҳое, ки дар ин ҷода ба миён меоянд, дақиқ ва асоснок посух бигӯем.
Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳамкорӣ бо Тоҷикистон имконоти зиёд дорад ва ман умедворам, ки барномаҳои аз ҷониби бонк амалишаванда ба раванди нақшаҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки ба беҳтар намудани сатҳи зиндагонии аҳолии мамлакат равона гардидаанд, мусоидат хоҳанд намуд”.








Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






