М. Ҷабборӣ: «Ҳукумат ба рафъи мушкилот саъй мекунад»

Февраль 18, 2014 14:31

Шаҳринав, 18.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ бо мақсади аз наздик шинос шудан бо мушкилоти мардум, вазъи соҳаи иҷтимоӣ, бахусус ҳолати таълиму тарбия, фаъолияти муассисаҳои соҳавӣ ва мулоқоти ошкоро бо мардуми минтақаҳо 18 феврал ба ноҳияҳои Шаҳринав ва Турсунзода сафар кард. Гурӯҳи корӣ нахуст дар Шаҳринав бо намояндагони сохторҳои бахши иҷтимоӣ мулоқот намуда, бо вазъи иҷтимоии ин ноҳия шинос гардид. Дар ин мулоқот М. Ҷабборӣ доир ба мавзуъоти ҷолиби таваҷҷӯҳ, бахусус дар самти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори ақида намуд. Муовини Савазири мамлакат оид ба афзоиши ҷиноят миёни наврасону ҷавонон изҳори нигаронӣ кард.  Дар ҷараёни ин мулоқот миёни иштирокдорон ва ҳайати гурӯҳи кории ҳукуматӣ табодули афкор доир ба масоили марбутаи соҳа сурат гирифт. Сипас ҳайати гурӯҳи корӣ ба бахшҳои гуногун тақсим шуда, аз якчанд муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва масҷидҳои ҳудуди ноҳия дидан карданд. Муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ зимни боздид аз мактаб-интернати шаҳраки Шаҳринав, Осоишгоҳи бемориҳои сили «Қаратоғ» ва Литсеи касбӣ-техникии № 11 зикр намуд, ки ҳарчанд пешравиҳо ба назар мерасанд, вале ҳанӯз камбудиҳо низ ҷой доранд. М. Ҷабборӣ аз баъзе мушкилоти иҷтимоии ҷомеа изҳори нигаронӣ карда, ба масъулин дастури ҳидоятҳо дод, ки бо дарназардошти имконоти мавҷуда роҳҳои бартарафсозии ин мушкилотро бартараф намоянд. Мавриди зикр аст, ки ҳадафи аслии сафари гурӯҳи кории ҳукуматӣ ба минтақаҳои кишвар шиносоии наздик бо вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҳолати кунунии муассисаҳои соҳавӣ, муттаҳид ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ниҳодҳои ҳукуматӣ бо ҷомеа, инчунин ҷалби аҳолӣ ба рафъи мушкилот мебошад.Бино ба иттилои масъулин чунин сафарҳо дар тамоми манотиқи кишвар сурат гирифта, оид ба натиҷаҳои он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат чораҳои мушаххас ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар андешида мешаванд.

Февраль 18, 2014 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд