М. Ҷабборӣ: «Ҳукумат ба рафъи мушкилот саъй мекунад»
Шаҳринав, 18.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ бо мақсади аз наздик шинос шудан бо мушкилоти мардум, вазъи соҳаи иҷтимоӣ, бахусус ҳолати таълиму тарбия, фаъолияти муассисаҳои соҳавӣ ва мулоқоти ошкоро бо мардуми минтақаҳо 18 феврал ба ноҳияҳои Шаҳринав ва Турсунзода сафар кард. Гурӯҳи корӣ нахуст дар Шаҳринав бо намояндагони сохторҳои бахши иҷтимоӣ мулоқот намуда, бо вазъи иҷтимоии ин ноҳия шинос гардид. Дар ин мулоқот М. Ҷабборӣ доир ба мавзуъоти ҷолиби таваҷҷӯҳ, бахусус дар самти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори ақида намуд. Муовини Савазири мамлакат оид ба афзоиши ҷиноят миёни наврасону ҷавонон изҳори нигаронӣ кард. Дар ҷараёни ин мулоқот миёни иштирокдорон ва ҳайати гурӯҳи кории ҳукуматӣ табодули афкор доир ба масоили марбутаи соҳа сурат гирифт. Сипас ҳайати гурӯҳи корӣ ба бахшҳои гуногун тақсим шуда, аз якчанд муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва масҷидҳои ҳудуди ноҳия дидан карданд. Муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ зимни боздид аз мактаб-интернати шаҳраки Шаҳринав, Осоишгоҳи бемориҳои сили «Қаратоғ» ва Литсеи касбӣ-техникии № 11 зикр намуд, ки ҳарчанд пешравиҳо ба назар мерасанд, вале ҳанӯз камбудиҳо низ ҷой доранд. М. Ҷабборӣ аз баъзе мушкилоти иҷтимоии ҷомеа изҳори нигаронӣ карда, ба масъулин дастури ҳидоятҳо дод, ки бо дарназардошти имконоти мавҷуда роҳҳои бартарафсозии ин мушкилотро бартараф намоянд. Мавриди зикр аст, ки ҳадафи аслии сафари гурӯҳи кории ҳукуматӣ ба минтақаҳои кишвар шиносоии наздик бо вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҳолати кунунии муассисаҳои соҳавӣ, муттаҳид ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ниҳодҳои ҳукуматӣ бо ҷомеа, инчунин ҷалби аҳолӣ ба рафъи мушкилот мебошад.Бино ба иттилои масъулин чунин сафарҳо дар тамоми манотиқи кишвар сурат гирифта, оид ба натиҷаҳои он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат чораҳои мушаххас ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар андешида мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






