Мактаб-интернат номи Ғоиб Сафарзодаро гирифт

Февраль 22, 2014 10:39

Восеъ, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бо Қарори Маҷлиси  вакилони халқи  ноҳияи Восеъ  ва Маҷлиси  вакилони  халқи вилояти Хатлон  мактаб –интернати  хонандагони  лаёқатманди  деҳаи Кадучии ҷамоати  деҳоти ба номи  Мирзоалӣ Вайсов  ба номи  шоир Ғоиб Сафарзода гузошта шуд. 
Бояд гуфт, ки шодравон  Ғоиб Сафарзода  зодаи деҳаи Кадучии  ин ноҳия буда, дар ҷодаи фарҳангу адабиёт  ва журналистикаи точик  хизматҳои шоён кардааст.  Ғоиб Сафарзода  аъзои Иттифоқи нависандагон ва аъзои  Иттифоқи  журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ  буда, дар  самти ҳифзу  нигаҳдошти  забони точикӣ  саҳми муносиб гузоштааст.  Маҷмӯаҳои Сафарзода «Корвони орзу»,  «Ошёни офтоб», «Мероси ҷавонӣ» ва якчанди дигар, ки мухлисони зиёд пайдо кардаанд. 
 
 

Февраль 22, 2014 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш