Маоши миёна- 1800 сомонӣ
Душанбе, 11.02.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева).- Роҳбарияти КМ «Зарафшон» ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро дар бораи эълон кардани «Соли 2014- соли роҳҳои обод» бо хушнудӣ ҷонибдорӣ намуд. Дар мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо директори генералии корхона Ли Фен директор ба сарвари вилояти Суғд дар бораи фаъолияти КМ «Зарафшон» дар соли гузашта маълумот дода, изҳор дошт, ки дар айни замон дар корхона 2210 нафар коргари маҳаллӣ бо кор таъмин буда, музди миёнаи маоши онҳо 1824 сомониро ташкил медиҳад. Ширкати «Зи-Чин»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои 2013-2016 барои рушди корхона 200 миллион доллари ИМА чудо менамояд. Баъди татбиқи ин лоиҳа боз 500 нафар бо кор таъмин хоҳад шуд. Дар мулоқот Ли Фен ба сарвари вилоят ваъда дод, ки соли ҷорӣ роҳи нақлиётии байни деҳаи Сӯфиён ва шаҳраки Суғдиён аз ҳисоби корхона таҷдид мешавад. Дар ин бора ба рӯзноманигори АМИТ «Ховар» менеҷери КМ «Зарафшон» Ҳабибулло Ёров хабар дод.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






