«Мавҷи назм»-озмун
Турсунзода, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Дар шаҳри Турсунзода озмуни шеъри беҳтарин таҳти унвони «Мавҷи назм» баргузор гардид. Дар маҳфил хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзгорон, ашхоси касбу кори гуногун шеърҳои иншонамудаи худро қироат карданд.Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Турсунзода бо сарварии шоир Абдуқаҳҳори Қосим маҳфили адабии «Ворисони Турсунзода» амал менамояд, ки теъдоди хеле зиёди кӯдакону наврасон ва калонсолонро дар бар мегирад. Ҷамъомади навбатии аъзои маҳфили «Ворисони Турсунзода» бо ширкати шоирони шинохта Хайриддини Хайрандеш, Қосимҷон Зарифӣ, Саид Раббонӣ, Кӯҳзоди Фатҳулло, Ҳасанбой Ғоиб ва дигарон хеле шавқовар ва хотирмон ҷараён гирифт. Барои эҷоди шеъри беҳтарин ба аъзои маҳфил ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






