Мизи мудаввар дар Саридораи бойгонӣ

Февраль 27, 2014 19:02

Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар»). — Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд додани  соҳаи бойгонидорӣ ва дар ин замина мустаҳкам кардани пояи устувории хеш 28 феврали соли ҷорӣ дар мавзўи «Нақши таърихӣ, муҳимият ва дурнамои рушди соҳаи бойгонидории ҷумҳурӣ» мизи мудаввар баргузор менамояд.
 Зимнан дар ин чорабинӣ  иштироки кормандони илм, устодони варзида, намояндагони вазорату идораҳое, ки аз рўи фаъолияти корию илмӣ ба соҳа пайвастагӣ доранд, дар назар аст.
Тибқи барнома щахсони даъватшуда ва меҳмонон дар доираи баргузории мизи мудаввар аз бойгониҳои марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бойгониҳои марказии давлатии аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан менамоянд.
 

Февраль 27, 2014 19:02

Хабарҳои дигари ин бахш