Мониторингҳои зиддисилӣ дар Фархор
Фархор, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар», Холов С.).- Дар ноҳияи Фархор дар соли 2013 – ум 121 нафар бемори сил ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии беморон 43 нафар муҳоҷири меҳнатӣ буда, 12 нафари дигар кӯдакони аз 5 то 14- сола мебошанд. Сабабҳои асосии гирифторӣ ба ин беморӣ аз як тараф агар муҳоҷирони меҳнатӣ ба шумор раванд, аз тарафи дигар сатҳи пасти зиндагии онҳо мебошад.
Дар айни ҳол ҳамаи беморони ба қайд гирифташуда ба таври ройгон бо доруворӣ таъмин шуда, зимни табобат беморон аз ҷониби Бунёди озуқаи умумиҷаҳонӣ 3 маротиба кумаки ғизоӣ мегиранд. Гуфта мешавад, ки дар ҳар семоҳа аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқӣ ва аудиторони Бунёди Глобалӣ дар маркази зидди бемориҳои сили ноҳия мониторинг ва санҷишҳо гузаронида мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






