Мошиндузди ноболиғ дастгир шуд
Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд, шаҳрванд Орифхуҷа Гадохуҷаев, соли таваллудаш 1985, сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки санаи 23-юми феврали соли ҷорӣ шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз назди истгоҳ, воқеъ дар кӯчаи Ленини шаҳри Хуҷанд мошини шахсиаш- тамғаи «ВАЗ-2105», рақами давлатиаш АУ 33-32 02 РТ-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия, ноболиғ Абдураҳмон Маҳмудовро, ки соли таваллудаш 1998 буда, сокини шаҳри Исфара мебошад, бо гумони дуздии моликияти шахсӣ дастгир намуда, аз ӯ далели шайъӣ гирифта шуд.
Бояд зикр намуд, ки нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






