Муҳоҷирон аз хидмати касбии адвокатҳо бархӯрдоранд

Февраль 25, 2014 13:21

Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Бинобар  афзудани  муроҷиати  муҳоҷирони  меҳнатӣ —  шаҳрвандони  ҶТ,   як  нафар  адвокат (ҳимоягар)  дар маркази  Намояндагии оид ба муҳоҷирати  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли  аҳолии  ҶТ  дар ФР  воқеъ  дар  шаҳри  Маскав   ба  кор  шурӯъ  намуд, ки  ӯ   мустақиман  ба  хидматрасонии  адвокатӣ  машғул  мешавад.
 
Роҳбари Намояндагӣ Асрор  Одинаев  ин  ибтикоротро  шарҳ дода,   зикр  намуд, ки  яке  аз  мақсадҳои  муҳими фаъолияти муассиса  иборат  аз   расонидани  ёрии  ҳуқуқӣ  ба  муҳоҷирони  меҳнатӣ мебошад.  «Мо  бо  назардошти  ин  бо  мақомоти   давлатии Федератсияи  Русия, аз ҷумла бо  Хадамоти  федералии  муҳоҷирати он,  мақомоти  корҳои дохилӣ  ва   прокуратураи  ин  кишвар зич  ҳамкорӣ  менамоем. Вале  бо   назардошти   хусусияту  мураккабияти  проблемаҳои  ҳамватанонамон,  ҳалли  баъзеи  онҳо   вобаста ба   хидматрасонии  адвокатҳо  мебошад,  ки  имрӯз  онҳоро  ба  қадри имкон  ҳал  менамоем», —  зикр  намуд  Асрор  Одинаев.
 
Мувофиқи  суханони Асрор  Одинаев,  ин  лоиҳа ба  шарофати  дастгирии   молиявии  Маркази  созмони байналмилалии  муҳоҷират  воқеъ  дар  Маскав  имконпазир  гардид.

Февраль 25, 2014 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд