Муҳокимаи масоили ҳамкорӣ
Душанбе, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ).- 12 феврал раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт. Шариф Саид ва Виктор Никитюк ҳамчунин масоили ҳамкории аҳли тиҷорат ва соҳибкорони Украина ва Тоҷикистон ба манзури таҳким бахшидани равобити иқтисодии хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ба фикри роҳбари ПСС ҶТ Шариф Саид, ҳамкории тоҷирону соҳибкорони хар ду кишвар ба рушди муомилоти мол мусоидат мекунад, зеро Украина барои роҳ ёфтан ба бозори Тоҷикистон имкониятҳои фаровон дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






