Муҳокимаи муқаррароти қонун

Февраль 20, 2014 15:01

Душанбе, 20.02.2014. (АМИТ “Ховар”).- Имрӯз дар Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба риояи талаботи моддаҳои 17 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” сухангӯи кумитаи мазкур Афшини Муқим хабар дод. 
Ба иттилои манбаъ дар кори ҷаласа раиси кумита Абдураҳим Холиқов, муовинони раиси кумита, раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати фарҳанг, Хадамоти гумрук, КВД “Тоҷиккино”, Кумитаи телевизион ва радио, раисони комиссияҳои коршиносони вилоятҳои Суғду Хатлон, мудирони бахшҳо оид ба корҳои дини шаҳри Душанбе, директорони матбаа,  нашриёт ва студияҳои сабти маводи аудиовизуалӣ, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ва фурўшандагони мағоза ва дўконҳо иштирок намуданд. 
Зимни ҷаласаи мазкур як силсила масоили ҷорӣ роҷеъ ба татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” баррасӣ гардида, иштирокдорон ҷиҳати  дарёфти роҳҳои татбиқи босамари он ва рафъи мушкилоти ҷойдошта табодули назар намуданд. 
 

Февраль 20, 2014 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд