Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Лора Так
Душанбе, 10.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Такро ба ҳузур пазируфт.
Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос кард. Аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои шарикӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо маблағи умумии беш аз 750 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ ҷудо гардидааст. Ҳоло бо маблағи умумии 223 миллион доллари амрикоӣ 13 лоиҳа бо маблағгузории грантии Бонки ҷаҳонӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, обтаъминкунӣ, хоҷагии манзилӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ амалӣ мегарданд.
Зимни суҳбат таваҷҷуҳи бештар ба роҳҳои татбиқи босамари Стратегияи кишварии Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018 зоҳир гардид.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҷараёни ташхиси иқтисодию техникӣ ва экологию иҷтимоии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун, оғози бунёди хатти барқии 500 киловолтаи минтақавии CASA-1000, маблағгузории қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






