Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
Душанбе, 6.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар қароргоҳи Бачарово Ручей мулоқоти дуҷониба анҷом дод.
Владимир Путин нахуст ба Эмомалӣ Раҳмон барои пазируфтани даъват ва ташриф ба Сочи барои иштирок дар ифтитоҳи бозиҳои зимистонаи олимпӣ арзи сипос карда, доир ба муносиботи ду кишвари дӯст изҳори андеша кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин аз даъвати ӯ барои иштирок дар ифтитоҳи ин чорабинии ҷаҳонии варзишӣ изҳори қадрдонӣ намуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Сарони ду давлат ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, баҳои баланд доданд.
Аз тасвиби созишномаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситонидани боҷи гумрукӣ ва содда гардондани шароити будубош ва фаъолияти шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар изҳори қаноат карда шуд.
Сарони ду давлат ҳавасмандии ҳарду ҷонибро ба густариши ҳамкории судбахш дар бахшҳои гуногуни сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, илму техника ва ғайра таъкид доштанд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.
Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии ду кишвар — Сироҷиддин Аслов ва Сергей Лавров протокол доир ба мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид. Тибқи ин созишнома муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 дароз карда шуд.
Тавре зикр гардид, кунун марҳилаи сифатан нави ҳамкории Тоҷикистону Русия оғоз ёфт. Владимир Путин, аз ҷумла изҳор дошт: “Тоҷикистон, бешубҳа аз шарикони афзалиятноки стратегии мо аст ва шодам аз имкони мулоқот ва суҳбати имрӯза”.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






