Мулоқоти намояндагони ҲХДТ бо муҳоҷирони баргашта
Айнӣ, 22.02.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ). -Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар вилояти Суғд бо иддае аз муҳоҷирони меҳнатии баргашта дар ноҳияи Айнӣ мулоқот анҷом доданд.
Бино ба иттилои масъулин мақсади мулоқот пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ, ки аз Барномаи ҲХДТ бармеояд, мебошад. Дар баробари ин, раиси вилояти Суғд ҳадафҳоеро роҳандозӣ мекунад, ки ба самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, паст кардани сатҳи камбизоативу бекорӣ, пешгирӣ намудани сафари ҷавонони бе касбу кор ба муҳоҷирати меҳнатӣ, баргардонидани онҳо ба Ватан ва таъсиси хоҷагиҳои инфиродиву оилавӣ равона шудааст. Дар ин замина, ба мардум шарҳу эзоҳи ҳадафҳои зикр гардида фаҳмонда шуд, ки мардум низ онро ба хушӣ қабул карда, изҳори омодагии хешро ҷиҳати амалӣ гаштани онҳо баён доштан.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






