Мулоқоти Шавкат Бобоев бо намояндагии GIZ дар Тоҷикистон
Душанбе, 5.02.14 (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шавкат Бобоев бо роҳбари Агентии Олмон оид ба ҳамкорӣ (GIZ) дар Тоҷикистон Штефан Эрбер мулоқот намуд.
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба оид ба таҷрибаомӯзии коргарон бо раванди технологияҳои нав, баланд бардоштани малакаи дониши мутахассисон дар бахшҳои гуногуни соҳаи саноатро баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мазкур изҳори омодагӣ намуда, иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳо дар ин бахш судманд хоҳад буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






