Муроҷиати шаҳрвандон ба Хадамоти муҳоҷират

Февраль 11, 2014 11:53

Душанбе, 11.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Соли 2013 қариб ду ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар барои додани машварати ҳуқуқии бахши Қонуни муҳоҷирати Федератсияи Русия ва муайян намудани мақоми муҳоҷират ба Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд. Мувофиқи суханони сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Муқим Ниёзов, дар давраи ҳисобот аз ҷониби 429 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархостҳои хаттӣ ба унвони Федератсияи Русия тартиб дода шуд. «Кормандони мо ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши ба даст овардани иттилоот дар бораи сабабу мӯҳлатҳои маҳдудияти сафарашон ба Федератсияи Русияро доштанд, ёрии зарурӣ расонида, аз номи онҳо унвонии Хадамоти федералии муҳоҷират ва мақомоти сарҳадоти Русия дархост дода ва аз Федератсияи Русия 311 ҷавоби хаттӣ гирифта шуд», — афзуд Муқим Ниёзов.Масалан, тайи моҳи январи соли ҷорӣ 187 дархости хаттӣ ба унвони Федератсияи Русия тартиб дода ва 89 ҷавоби хаттӣ гирифта шуд.

Февраль 11, 2014 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш