Мусобиқаи тирандозӣ байни хонандагон
Душанбе, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз 17 то 22 феврал дар клуби ҷумҳуриявии тирандозии Кумитаи мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии тирандозӣ байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоми Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа бахшида ба 21-солагии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ гузаронида мешавад. Тавре ки аз хадамоти матбуоти кумита хабар доданд, дар мусобиқа хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Сомонӣ, Фирдавсӣ, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Ваҳдат иштирок мекнанд. Ин мусобиқаи анъанавӣ буда, ҳамасола дар доираи корҳои оммавию мудофиавӣ ва барои тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва рушди намудҳои ҳарбии варзиш байни наврасон ва ҷавонони синни даъватӣ ва то даъватӣ барои солҳои 2012-2015 гузаронида мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






