Мусобиқаи тирандозӣ миёни сарбозон
Душанбе, 20.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз дар толори варзишӣ-тирандозии Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи кишвар мусобиқаи тирпарронӣ миёни сарбозони қисмҳои ҳарбии мақомоти қудратӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ дастаҳои варзишии Вазорати мудофиа, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, Горди миллӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Бригадаи 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иштирок намуда, миёни ҳам барои ба даст овардани ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон рақобат карданд.
Ғолибони чорабинӣ бо диплому туҳфаҳои кумита пагоҳ, 21-уми феврал дар Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно», ки дар ин ҷо бахшида ба Рўзи Артиши миллӣ маҷлиси тантанавию фарҳангӣ бо иштироки масъулини кумита, афсарону сарбозони мақомоти қудратии кишвар доир мегардад, сарфароз хоҳанд шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






