Мусобиқоти ҷумҳуриявӣ аз рӯи 10 намуди варзишӣ
Душанбе, 19.02.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 10 намуди варзиш миёни наврасону ҷавонон дар се марҳила мусобиқот оғоз хоҳад кард.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, марҳилаи аввали мусобиқа даҳаи дуюми моҳи март дар сатҳи шаҳру навоҳӣ, марҳилаи дуюм моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе, минтақа ва вилоятҳо, марҳилаи сеюм ва ниҳоӣ дар моҳҳои май-июни соли равон аз рӯи гӯштини миллӣ, юнонию румӣ, тарзи озод, самбо, дзюдо, бокс, таэквандо (ВТФ), баскетбол, волейбол ва варзиши сабук баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки ғолибон ва ҷоизадорони чорабинӣ дар вазн ва масофаҳои алоҳида аз рӯи намудҳои варзиш бо диплому медал ва ҷоми мусобиқа сарфароз хоҳанд шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






