Мусодираи 7 кг ҳашиш дар як рӯз
Душанбе, 20 .02. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ дирӯз аз муомилоти ғайриқонунӣ 7 кг маводи мухаддир мусодира намуданд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, сокини ноҳияи Восеъ Аҳлиддин Тағоев, соли таваллудаш 1985 бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили як бастаи полиэтиленӣ 4 килою 614 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Инчунин дар ин рӯз сокини ноҳияи Конибодом Рамазон Нозимов, соли таваллудаш 1967 бо гумони даст доштан дар чунин намуди ҷиноят дастгир шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ дар дохили як борхалта 2 килою 848 грамм маводи нашъадори ҳашиш мусодира гардид.
Дар маҷмӯъ 7 килою 462 грамм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира шуд.
Аз рӯи далелҳои мазкур бо моддаи 200 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






