Мусодираи героину ҳашиш
Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Зафарҷон Асадов, сокини ноҳияи Ҳисорро дастгир карданд. Ҳангоми кофтуков аз дохили борхалтаи ӯ 5 адад бастаи полиэтиленӣ, ки дар онҳо 4 килою 112 грамм маводи нашъадори ҳашиш буд, дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин зимни як чорабинии фаврии дигар аз сокини ноҳияи Спитамен Саттор Раҷабов ҳангоми кофтукови шахсӣ 1 бастаи полиэтиленӣ, ки дар дохилаш 410 грамм маводи нашъадори героин дошт, дарёфт ва мусодира шуд.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






