Мусодираи маводи мухаддир
Душанбе, 18.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).- Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беш аз 10 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни чорабиниҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ чор нафар шаҳрвандони кишвар бо гумонбарии қочоқи маводи нашъаовар дастгир шуданд.
Аз ҷумла, кормандони милиса сокини ноҳияи Рӯдакиро дастгир намуда, аз номбурда 6 килограмму 300 грамм ҳашишро мусодира карданд.
Як нафар сокини ноҳияи Ёвон дар ҳудуди ноҳияи Шомансури пойтахт дастгир шуда, аз ӯ 2,5 килограмм ҳашиш мусодира гардид.
Миқдори умумии маводи мусодирашудаи мухаддир 10 килограмму 371 граммро ташкил дод.
Аз рӯи ҳодисаҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноӣ кушода шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






