Мутахассиси беҳтарини табъу нашр

Февраль 27, 2014 15:18

 
   Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Олими ҷавони тоҷик Дилшод Равшанов баъди бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Асоснок намудани ҳаҷму бузургии таҷҳизот барои коркарди маводи қолабшавандаи полиметрӣ» аз шаҳри Маскав ба Ватан баргашт. Ӯ муддати 3 сол дар Донишгоҳи давлатии полиграфии шаҳри Маскав ҳамчун унвонҷӯ дар мавзӯи мазкур тадқиқоти илмӣ мебурд.
Мавриди зикр аст, ки Дилшод Равшанов соли 2012 дар конфронси байналмиллалӣ, ки дар он намояндагони 120 донишгоҳи бонуфузи ҷаҳон ширкат доштанд, дар мавзӯи «Тамоюли рушди монотехнологиву пленарӣ дар заминаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ», «пайвастшавии қабатҳои нозуки патронҳои полиграфӣ» сухан гуфт. Маърӯзаи ӯ аз беҳтарин кори илмӣ дониста шуда, дар китоби дастаҷамъии конфронс нашр ва худи ӯ бо мукофоти баланд қадрдонӣ гардид.
Дар айни ҳол Дилшод Равшанов яке аз нахустин мутахассисони унвондор дар соҳаи табъу нашр дар ҷумҳурист.    
 

Февраль 27, 2014 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд