Н. Бордюжа: “Масоили баҳсталаб бо роҳҳои дипломатӣ матраҳ хоҳанд шуд”

Февраль 20, 2014 16:21

Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ “Ховар”).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа як силсила масоили ҳамкориҳои амниятӣ дар чаҳорчӯби ин созмон мавриди муҳокима қарор гирифт. 
Николай Бордюжа пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт, ки бар асоси қарордоди ахири сарони давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ кишварҳои аъзо барои таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон иқдом хоҳанд кард. Ба гуфтаи дибири кулли созмон қарор аст, дар доираи ин тавофуқот Ҷумҳурии Белорус ба нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон таҷҳизоти фании низомӣ ва Арманистон воситаҳои нақлиёти низомӣ фиристанд. 
Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон низ феҳрасти ёриҳои низомии худро таҳия намуда, интизор меравад ба зудӣ ба марзҳои ҷанубии кишвари мо равон кунанд. Ҳамчунин дар назар аст, кишварҳои узв дар бунёди зербиноҳо ва таъсиси дидбонгоҳу гузаргоҳҳои марзӣ ва бастани симхорҳо ба Тоҷикистон ёрӣ расонанд. Дабири кулли СААД дар идомаи суҳбаташ таъйид кард, ки Тоҷикистон дар ин замина корҳои зиёдеро анҷом дода, танҳо ба кӯмакҳои техникии низомӣ ниёз дорад. Ин дар ҳолест, ки Николай Бордюжа қаблан низ бо таъкиди ин нукта гуфта буд, ки Тоҷикистон қудрати ҳифзи сарҳадоти худ бо Афғонистонро дорад. Ў аз таваҷҷуҳи доимии Эмомалӣ Раҳмон ба масоили марзӣ ва ба роҳ мондани тадбирҳои судманд ҷиҳати таҳкими сарҳад бо Афғонистон ситоиш карда, изҳор дошт, ки шахсан борҳо аз минтақаҳои сарҳадӣ боздид карда, аз корҳои анҷомшуда хушҳол шудааст.
Николай Бордюжа ҳамчунин ба Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳояш оид ба татбиқи қарордоди дар шаҳри Сочии Федратсияи Русия миёни сарони давлатҳои узви СААД тасвибшуда гузориш дода, гуфт, ки ба хотири татбиқи ин амр гурӯҳҳои вижае бо шумули намояндагони ҳамаи кишварҳо таъсис шудаанд. 
“Мо дар суҳбат бо Президенти Тоҷикистон ҳамчунин ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, бахусус танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дахл намуда, изҳори боварӣ кардем, ки кулли масъалаҳои баҳсталаб бо роҳҳои дипломатӣ ва бидуни истифода аз нерӯ матраҳ хоҳанд шуд”, — гуфт Николай Бордюжа.
 

Февраль 20, 2014 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!