Намоиш-фурӯши маҳсулот дар «Душанбе-Плаза»
Душанбе, 21.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Имрӯз дар бинои «Душанбе -Плаза», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии Душанбе беш аз даҳ корхонаи саноатии пойтахт маҳсулоти худро дар намоишгоҳе, ки аз ҷониби шаҳрдории Душанбе созмон дода шудааст, ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Чорабинии мазкур ба ифтихори ҷашни 90-солагии Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли равон таҷлил мегардад, ташкил шудааст.
Ҳадафи ташкили намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатии пойтахт ин рушди соҳибкории истеҳсолӣ, муаррифии маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҷалби соҳибкорону сармоягузорон ба рушди иқтисодиёти мамлакат аст.
Дар намоишгоҳ корхонаҳои саноатии пойтахт, назири «Нафиса», «Комбинати ширӣ», «Маҳсулоти гӯштӣ», «Душанбе Агросервис», «Рухом», «555 МПК», «Ёқут — 2000», «Покиза», «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон», «Ширин», «Фабрикаи шири Саодат», «Комбинати гӯшту консерва» маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Абдулло Муҳаммадиев, муовини директори генералӣ оид ба тиҷорат ва сифати Ҷамъияти саҳҳомии «Нафиса» дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба истеҳсоли ҷуробҳои пахтагин, ки дар намоишгоҳ «Нафиса»-ро муаррифӣ мекард, гуфт, ки ташкили чунин силсила намоишгоҳҳо ба ифтихори 90-солагии Душанбе иқдоми наҷиб аз сӯи шаҳрдории пойтахт буда, он ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи мизоҷон бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






