Назорати санитарию эпидемиологӣ дар Муъминобод

Февраль 8, 2014 06:26

Муъминобод, 08.02.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов).- Бинобар  иттилои  директори  маркази   назорати  санитарию  эпидемиологии   ноҳияи  Муъминобод Сафаралӣ  Назаров  дар  давоми  соли  2013 аз  451  нуқтаи назоратӣ  дар  270- тоаш  санҷиш  гузаронида шуд, ки  зимни он кормандони  прокуратура,  Кумитаи  амнияти  миллӣ ва  дигар   сохторҳои   назоратӣ  низ  ширкат  варзиданд. Санҷишҳо  нишон  доданд, ки  аз  тарафи  баъзе  соҳибкорони  нуқтаҳои   савдо   иҷрои  қонунҳои  ҶТ «Дар бораи   бехатарии  маҳсулоти  хӯрокворӣ» ва  «Ҳимояи  хуқуқи  истеъмолкунандагон»  риоя  намегарданд. Дар  натиҷаи   санҷишҳои  гузаронидашуда  зиёда аз  650  кг   маҳсулотҳои   пастсифат, ки  муҳлати  истеъмолашон  гузашта буданд,  аз  муомилот  боздошта   шуда,   нобуд  шуданд. Барои  вайрон  кардани  қоида  ва  меъёрҳои   санитарию  гигиенӣ  нисбат ба  37   нафар   шахсони  мутасаддӣ  ва  воқеӣ  протоколҳои  маъмурӣ тартиб  дода шуда,  онҳо  ба  маблағи  19 ҳазору 560 сомонӣ  ҷарима  шуданд.
 

Февраль 8, 2014 06:26

Хабарҳои дигари ин бахш