НБО Норак таъмир мешавад
Душанбе, 06.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- ҶСХК «Барқи тоҷик» ва ҶСК «Турбоатом» ба манзури таъмиру барқарорсозии НБО Норак Созишномаи оид ба тавлиди қисмҳои эҳтиётии ғалақаҳои неругоҳ ба маблағи 1 миллиарду 973 миллиону 708 ҳазор доллари Амрикоро имзо намуданд. Мувофиқи шартномаи мазкур, ҳамаи қисмҳои эҳтиётӣ харидорӣ ва ба НБО Норак оварда шуданд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият тайи соли 2013 муовини аввали раиси ҶСХК «Барқи тоҷик» Мирзо Иброҳимов.
Аслӣ Назаров ҳамчунин зикр намуд, ки ҶСХК «Барқи тоҷик» ва ширкати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спетсэнерго» — и Украина қарордодро дар мавриди таъмири асосии неругоҳи Норак ба маблағи қариб 883 ҳазор доллари ИМА имзо намуданд. Ғайр аз ин созишномаҳо бо корхонаи «Электротяжмаш» — и Украина ва корхонаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Силовые машины» — и Русия барои иваз намудани таҷҳизот ва таъмири НБО Норак имзо шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






