Ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Февраль 25, 2014 13:23

Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Назир  Назиров).- Сокинони ҷамоатҳои  ноҳияи  Рӯдакӣ  бо  дастгирии   раиси  ноҳия  ва  шуъбаи  экологияи  Кумитаи  ҳифзи  муҳити  зисти  назди  Ҳукумати  ҶТ  аз  21  то  23  феврал   маъракаи  ниҳолшинонӣ  ташкил  намуданд.
 
Тавре  ки   сардори  шуъбаи  экологияи  ноҳияи  Рӯдакии Кумитаи  ҳифзи  муҳити  зисти  назди  Ҳукумати  ҶТ  Толиб  Раҳимов  ба  АМИТ «Ховар»  хабар дод,  дар  ҳашари  ниҳолшинонӣ  қариб  10  ҳазор нафар  ҷамоатҳои   ноҳия   иштирок  доштанд. Қад – қади роҳи  мошингарди  Душанбе  —  Ваҳдат дарахтони  гуногуни  сояафкан  ва дар  масоҳати 108 гектар ниҳолҳои  гелос,  себу  муруд ва  ғайра    шинонида  шуданд.
 
Дар  давоми  ҳашар ҷамъ  беш  аз 18  ҳазор  бехниҳол шинонида  шуд.
 

Февраль 25, 2014 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш