Низоми мазмуни таҳсилот: воқеият ва дурнамо

Февраль 27, 2014 13:59

Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллоева).- “Низоми мазмуни таҳсилот: воқеият ва дурнамо” чунин унвон дорад, китоби навбатии мудири кафедраи педагогика ва психологияи фаъолияти касбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров, дотсент Хайрулло Сабуров, ки аз тариқи нашриёти  “Меъроҷ” ба нашр расид.
Тавре ки  ба АМИТ “Ховар” сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар монография   яке аз муҳимтарин бахшҳои тадқиқоти эҳёи суннатҳои хоси маорифи миллӣ дар низоми таҳсилоти муосир сухан меравад. Боиси тазаккур аст, ки қисме аз дидгоҳҳо ва назарияҳои маъруф  ва омилҳои ташаккули ин самти муҳими тадқиқоти педагогӣ дар рисола ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
Китоби мазкур барои пажӯҳишгарон, аспирантону унвонҷӯён, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, донишҷӯён ва ҳаводорони илми педагогика ба унвони ёвару раҳнамое дар амри иҷрои вазифаҳои муҳими мактабу маориф, баланд бардоштани сифати таҳси¬лоти ибтидоӣ чун зербинои асосии низоми таҳсилоти куллӣ ва муҳимтар аз ҳама тарбияи инсони аз дидгоҳи маънавӣ ва ақлонӣ рушдёбанда хидмат карда метавонад. 

Февраль 27, 2014 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд