Обу энергетика — омили таъмини сулҳ
Душанбе, 03.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- 28 январ дар шаҳри Брюссел конфронс дар мавзӯи «Обу энергетика – омили таъмини сулҳ» баргузор гардид. Конфронс бо ибтикори намояндагони Парлумони Аврупо, гурӯҳи байнипарлумонӣ оид ба тағйири иқлим ва рушди устувор, гурӯҳи оид ба масоили об дар Парлумони Аврупо роҳандозӣ шуд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев зимни суханрониаш аҳамияти ташкили чунин конфронсҳо барои муҳокимаи масоили муҳими бахши истифодаи об ва энергетикаро хотирнишон сохт. Мавсуф зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамеша кишварҳои минтақаро даъват мекард ва даъват мекунад, ки масоили идораи захираҳои обро бо шеваи ҳамкорию муколамаи судманд ҳал намоянд.
Муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимов дар мавриди захираҳои обу энергетикаи Тоҷикистон ва сиёсати давлат дар бахшҳои зикршуда сухан кард. Мавсуф иброз дошт, ки Тоҷикистон дар сиёсати бахши об чунин вазъиятро ба назар мегирад, ки об бояд мавзӯи ҳамкорӣ бошад. Султон Раҳимов ҳамчунин ба иштирокдорони конфронс аз механизмҳои мавҷудаи ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар амри идораи захираҳои об иттилоъ дод.
Худи ҳамон рӯз як қатор мулоқотҳои дуҷонибаи муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимов бо вакилони Парлумони Аврупо, ноиби Президенти ширкати «Total» Натали Коматич, Директори намояндагии ЮНИДО — и Иттиҳоди Аврупо Кристоф Ивто, президенти ширкати «Biwater» -и Британия Андриан Уайт баргузор гардид. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба дар бахши энергетика ва идораи захираҳои обро мавриди муҳокима қарор доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






