Панҷакенти бостонӣ обод мешавад
Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева).- Панҷакент яке аз ноҳияҳои дорои таърихи бостонии Тоҷикистон аст. Феълан ин ноҳия 250 ҳазор аҳолӣ, 14 ҷамоат ва 133 хоҷагии деҳқонӣ дорад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо раиси шаҳр Хисрав Абдуназаров перомуни дастовардҳои соли сипаригардида ҳамсуҳбат гардид. Инак фишурдаи ин суҳбат:-Бигӯед, ки омори ҳосил чӣ гуна аст, даромади асосии хоҷагиҳо аз кадом намуди зироат аст? Дуруст аст, ки пулҳои байни деҳот хароб шудаанд?- Соли гузашта дар Панҷакент кишти картошка зиёд ба роҳ монда шуд, 75 ҳазор тонна ҳосил гирифтем. Дар мо асосан мардум зироаткорӣ мекунанд. Имсол нақша дорем, ки ҳосилро зиёдтар ҷамъоварӣ кунем. Дар айни ҳол 54% замини картошкаро кишт кардем. Имсол дар масоҳати 2100 гектар картошка мекорем. Заминҳо бо лӯлаҳои пойгоҳӣ обёрӣ мешаванд. Азбаски минтақа кӯҳистон аст, аксарияти харобиҳо аз ҳисоби селхезиҳо сурат мегирад. Албатта, пулҳо зери назорат хастанд, зеро соли 2012 обхезиҳои паи ҳам чанд пулро хароб кард, ки аз тарафи соҳибкорон ва хукумати маҳаллӣ баъзеи ин кӯпрукҳо таъмир шуданд. -Панҷакент дар соҳаи саноат дар соли 2013 чӣ дастоварде дошт? -Тавре ки маълум аст, дар Панҷакент корхонаи муштараки «Зарафшон» бо коркарди тилло фаъолият дорад ва соли гузашта нахустин маротиба дар шаҳри мо сехи холисгардонии тилло ба фаъолият оғоз кард. Қаблан тилло дар шаҳри Чкаловск холисгардонӣ мешуд. Бо фаъолияти ин сех 40 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд. Дар соли ҷорӣ мо нақшаҳои зиёд дорем. -Дар минтақаҳо вазъи маориф, мактабҳо ва тиб мушкилии зиёд дорад, аммо ҳукумати Панҷакент чӣ иқдоми наверо дар ин самт амалӣ кардааст?-Соли сипаригашта мо кумаки соҳибкоронро ҳам дар таъмири мактабҳо ва ҳам дар толорҳои варзишӣ истифода кардем. Соли ҷорӣ 6 мактаб аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати шаҳр ба истифода дода шуд. Мактабҳои садамавиро таъмир кардем, феълан дар шаҳри Панҷакент 134 мактаби таҳсилоти умумӣ , омӯзишгоҳи тиббӣ, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишкадаи омӯзгорӣ фаъолият дорад. Инчунин аз ҳисоби буҷаи ҳукумат дар Панчакент Маркази кардеологӣ бо таҷҳизоти тиббӣ бо маблағи 105 ҳазор доллари амрикоӣ ба истифода дода шуд. Дар соҳаи фарҳанг барномаҳои зиёде амалӣ шуданд.-Нақшаи таъмиру бозсозии роҳҳо дар чӣ ҳолат аст, зеро аз ноҳияи Айнӣ то шаҳри Панҷакент ва аз ин чо то Саразм роҳҳо ниҳоят таъмирталабанд. Бояд дар давоми се сол ин роҳҳо таъмир шаванд? -Марҳилаи аввал аз шаҳри Панҷакент то сарҳади Ӯзбекистон 23 километрро дар бар мегирад. Дар ин лоиҳа насби чароғҳо дар назар аст. Барои таъмири роҳҳо 650 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.-Ин маблағ аз ҳисоби ҳукумати кишвар аст ё гранти хориҷӣ ва кадом ширкат корхои сохтмонӣ ва таъмири онро ба уҳда дорад? -Албатта, талоши ҳукумат аст , ки аз Бонки Осиёии Рушд маблағи грантӣ гирифтааст. Таъмири роҳҳоро ширкатҳои чинӣ ба уҳда доранд. Ҳаҷми умумии роҳ 113 километр аст ва куллан бояд мумфарш шавад. -Сокинони маҳаллӣ ҳам ба ин кор ҷалб мешаванд? -Дар ҳоле ки мардуми бумӣ ба кор ниёз дорад, чаро дар таъмири роҳ иштирок накунад? Ҳарчанд ки татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳҳо ба уҳдаи ширкати чинӣ аст, аммо 500 сокини маҳаллӣ ҳам ба кор ҷалб мешавад. Дар рушду нумуи Панҷакент соҳибкорон саҳми арзанда мегузоранд. Рушди тиҷорат, кишоварзӣ, сохтмон, бунёди коргоҳхои хурду миёнаи истеҳсолию маиширо бе иштироки онҳо тасаввур кардан душвор аст. Дар соли 2013 бо саҳми соҳибкорон даҳ коргоҳи истеҳсолӣ бунёд шуд, ки 3 корхонаи саноатӣ, 6 корхонаи дӯзандагӣ ва 1 коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ мебошад. -Ҳукумати маҳаллӣ дар таъмири роҳҳои шаҳр чӣ иқдоме кардааст?-Соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои буҷа 4 км роҳи кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, Абурайҳони Берунӣ, Саъдии Шерозӣ пурра таъмир шуд. Фаъол кардани чароғҳои роҳҳоро мо ба лоиҳа даровардем, то ки ҳар як хиёбон бояд равшан бошад. Ҳаҷми сарфи маблағ ба 5 миллион расид. Ҳоло дар назар аст, ки кӯчаҳои дигари шаҳр ба ҳамин сурат таъмир шаванд. -Масъалаи соҳилмустаҳкамкунӣ дар чӣ вазъ аст, зеро обхезиҳои дарёи Зарафшон мушкилии асосии минтақаи кӯҳистон аст? -Барои ин кор ҳукумат аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 2 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Соли гузашта низ ҳамин қадар маблағ ҷудо шуда буд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






