Пешгирӣ аз кирдорҳои ҷиноии нашъаҷаллобон дар Суғд
Душанбе, 22.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муомилот ва гардиши ғайриконунии маводи мухаддир яке аз умдатарин масъалаҳои ташвишовар ба ҳисоб рафта, бар муқобили ин зуҳуроти номатлуб тамоми ниҳодҳои низомии давлатҳои дунё, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза мебаранд.
Санаи 18-уми феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи амалӣ намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шаҳрвандон Исроилов Муҳаммадҷон Усмонович ва Маҷидов Толибҷон Саидаҳмадович, зода ва истиқоматкунандагони ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриконунии маводи мухаддир дар ҳудуди ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд боздошт шуданд. Ҳангоми кофтукови мошини тамғаи «Opel-Vectra», рақами давлатиаш 77-04 АВ 01 РТ, ки ба дастгиршуда Маҷидов Толибҷон Саидаҳмадович тааллуқ дорад, аз дохили зарфи сузишворӣ, ки ҳамчун пинҳонгоҳ истифода шудааст, 17 адад бастаҳои селофании маводи мухаддири навъи ҳашиш бо вазни хоси 17 килограмму 976 грамм дарёфт ва мусодира шуд.
Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ иттилоъ медиҳад, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ маълум карда шуд, ки дастгиршуда Исроилов Муҳаммадҷон Усмонович ҳанӯз соли 2010 аз ҷониби мақомоти Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тибқи моддаи 200 қисми 3, яъне даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум шуда, соли 2012 бо дастрасии қонуни авф аз маҳбас озод шудааст. Вале, ӯ ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, ин кирдори ҷиноии худро боз идома додааст. Дар давоми моҳи феврали соли ҷорӣ Муҳаммадҷон Исроилов дар якҷоягӣ бо Толибҷон Маҷидов тибқи маслиҳати пешакӣ бо роҳи ғайриқонуни аз шаҳри Душанбе ба ҳудуди вилояти Суғд 2 маротиба дар вазнҳои мухталиф маводи мухадир ворид намуда, дар кӯшиши сеюмбора такрор намудани кирдорҳои ҷиноӣ дастгир шуданд.
Мавриди ёдоварист, ки давоми соли 2013 кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 13 далели муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро дар ҳудуди вилоят пешгирӣ намуда, аз гардиши ғайриқонунӣ наздики ним тонна маводи гуногуни нашъаоварро боздошт ва мусодира намуданд. Дар давоми якуним моҳи соли ҷорӣ бошад, 4 далели қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ шуда, ба миқдори 50 килограмм маводи мухаддир бозёфт ва мусодира шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






