Пешниҳоди электронии эъломияҳои андоз

Февраль 6, 2014 15:16

Душанбе, 06.02.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).- Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” доир ба тартиби бо шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз аз даромад ва вазъи молумулкӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ семинар  баргузор гардид. 
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар семинар намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олӣ, Шўрои адлия,  Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, вазорату кумитаҳои давлатии кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ин тартиби хизматрасонӣ таклифу дархост ва пешниҳодоти худро иброз доштанд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон ва ҳамзамон ба саҳми мақомоти давлатие, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон уҳдадории пешниҳоди эъломия оид ба андоз аз даромади хизматчиёни давлатиро доранд, расонидани тартиби истифодаи пешниҳоди электронии эъломияҳо мебошад. 
 
 
 

Февраль 6, 2014 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад