Пешниҳоди электронии эъломияҳои андоз
Душанбе, 06.02.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).- Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” доир ба тартиби бо шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз аз даромад ва вазъи молумулкӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ семинар баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар семинар намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Шўрои адлия, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, вазорату кумитаҳои давлатии кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он иштирок намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ин тартиби хизматрасонӣ таклифу дархост ва пешниҳодоти худро иброз доштанд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон ва ҳамзамон ба саҳми мақомоти давлатие, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон уҳдадории пешниҳоди эъломия оид ба андоз аз даромади хизматчиёни давлатиро доранд, расонидани тартиби истифодаи пешниҳоди электронии эъломияҳо мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






