Рӯзи дарҳои кушода дар қисмҳои низомӣ
Хоруғ, 20.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Ба ифтихори Иди Артиши Миллӣ дар қароргоҳи қисми низомии 01123-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушод баргузор гашт. Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои комиссариати ҳарбии вилоят муштаракан бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар қисми низомии 01123-и Вазорати дифои мамлакат ҳамасола дар остонаи ин ҷашн хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр барои шиносоӣ бо зиндагии сарбозон ва лавозимоти ҷангӣ вориди қисмҳои низомӣ мегарданд.
Муовини комиссари ҳарбии вилоят Беҳзод Саидиброҳимов зимни суҳбат ба хонандагон гуфт, ки шумо ба таври назарӣ бо техникаву аслиҳаи ҷангӣ шинос ҳастед ва имрӯз имкон доред аз наздик ин ҳамаро бо чашми худ бубинед ва онро дар амал бисанҷед.
Ҳамчунин сарбозон барои хонандагон машқҳои тактикӣ нишон доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






