Саҳми муносиби Тоҷикистон дар рушди фарҳанги исломӣ

Февраль 19, 2014 12:04

 
Душанбе.19.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Руҳияи 9-умин ҳамоиши Иттиҳоди парлумонии  /ИП/ кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Исломӣ /СКИ/ ОИК/ ба мо имкон медиҳад, ки масоили мубрами густариши фаъолияти Иттиҳоди парлумонии СКИ-ро ҳамаҷониба ва судманд матраҳ намуда, ба зуҳурот ва таҳдидҳои замони  муосир  якҷоя ҷавоби арзанда дода тавонем». Ин матлабро имрӯз  Шукурҷон  Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ  дар 9-умин иҷлоси ИП кишварҳои СКИ дар Теҳрон ироа кард.
      Шукурҷон Зуҳуров дар ҷамъи роҳбарону намояндагони парлумонҳои беш аз 50 кишвари аъзои СКИ  ба сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфуз баҳои баланд дод. Мавсуф афзуд, ки рисолати мо таҳкими ҳамкориҳои парлумонӣ дар доираи ИП СКИ аст. Ҳамгироии ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва истифодаи нерӯи инсонӣ барои бартараф сохтани мушкилоти мавҷуда ва ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувори давлатҳои аъзои созмон шароити зарурӣ фароҳам меоранд. Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат зикр кард, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият бо такя ба фарҳанги миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифт. Тоҷикистон дар ин муддат равобити судманди хориҷиашро  бо кишварҳои исломӣ дар сатҳи сифатан нав ва муносиб ба роҳ монд ва дар радифи дигар халқҳои мусулмон дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ нақши шоиста гузоштааст. Раиси Парлумони Тоҷикистон аз нақши шахсиятҳои бузурги миллати тоҷик дар рушди фарҳанги исломӣ ёдовар шуда, гуфт, ки  асари ҳамдиёри мо Хоҷа Муҳаммад Исмоили Бухорӣ «Саҳеҳи Имом Бухорӣ» дар олами ислом  чун бузургтарин китоби динӣ баъд аз Қуръони карим шинохта шудааст. Мероси оламшумули олимони машҳури мо бахши асили фарҳанги ғании миллиамонро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, мо дар пешбурди сиёсати кишвари мустақиламон дар радифи дигар унсурҳои фарҳанги миллӣ ба рушди фарҳанги динӣ низ эътибори доимӣ медиҳем, зеро мо мехоҳем бо симои хоси милливу фарҳангии хеш ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кунем ва дар он мақоми шоиста дошта бошем. Дар ин самт мо дастовардҳои назаррас дорем ва дастгириву пуштибонӣ ёфтани иқдомҳои байналмилалии Тоҷикистон гувоҳи мавқеи устувори мо дар ҷомеаи ҷаҳонист.
     Шукурҷон Зуҳуров зимни суханронии худ дар мавриди ҷаҳонишавӣ,  ҳифзи асолату ҳувият, муқаддасоту арзишҳои миллӣ, сиёсати кишвар дар самти озодии виҷдон, анъанаю суннатҳои миллӣ  ибрози назар намуда, гуфт, ки солҳои охир Тоҷикистон ҷиҳати рушди фарҳанги исломии ҷомеа  тадбирҳои судманд андешид. Чоп шудани Куръони карим бо теъдоди 500 ҳазор нусха  бо супориши Президенти  Тоҷикистон, таҷлили 1310-солагии пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам ва соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом эълон шудани соли 2009, баргузории ҳамоиши байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир», таҷлили ҷашну санаҳои таърихии мутафаккирон ва шахсиятҳои бузурги  фарҳангии халқамон, назири  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ шаҳодати гуфтаҳост. Ҳамчун рӯзҳои иди миллӣ таҷлил намудани идҳои Рамазон ва Қурбон, Маркази фарҳанги исломӣ интихоб шудани пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, додани мақоми давлатӣ ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон, чопи адабиёти марбут ба фарҳанги исломӣ ва дигар тадбирҳо дар сатҳи давлатӣ далели равшани гиромидошти фарҳанги диниву мазҳабиамон  аст. 
    Шукурҷон Зуҳуров дар фарҷом гуфт, ки ҳамоиши имрӯза дар самти  муайян намудани роҳҳои самараноки расидан ба рушди устувор, ҳамгироии пойдор ва таъмини ҳамбастагии воқеии кишварҳои мусалмон нақши бориз хоҳад гузошт.
 

Февраль 19, 2014 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд