Сафари ҳайати ҳукуматӣ ба Бишкек
Душанбе, 14. 02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон бо даъвати ҷониби Қирғизистон ба шаҳри Бишкек сафар кард.
Мутобиқи созишномаҳои қаблан ба даст омада, имрӯз ҷаласаи корӣ баргузор мешавад, ки дар ҷараёни он ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи амалии мувофиқаҳоеро, ки дар вохӯриҳои қаблии рӯзҳои 30-31 январи соли 2014 ба даст омада буданд, баррасӣ мекунанд.
Бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ба рӯзномаи корӣ ҳамчунин масъалаи барқарор намудани фаъолияти гузаргоҳҳои назоратӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 11 январи соли 2014 якҷониба қатъ гардид, дохил шудааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






