Сафари гурӯҳи ташхискунанда ба вилоятҳои Суғду Хатлон

Февраль 11, 2014 09:52

 Душанбе, 11.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).-  Гурӯҳи ташхискунандаи Хадамоти федералии Федератсияи Русия оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани «Барнома оид ба расонидани кӯмаки молиявӣ, моддӣ-техникӣ ва ташкилӣ ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи январи соли 2014 ба раёсатҳои минтақавии Агентӣ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон сафар намуд. Дар рафти сафар гурӯҳ бо роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсатҳо ҷаласаҳои корӣ гузаронида, семинар ва тренинг дар мавзӯи “Такмил додани кор дар самти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии воситаҳои интиқоли маводи нашъаовар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан ба Федератсияи Русия” гузаронида шуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни семинарҳои омӯзишӣ дониши кормандон дар соҳаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи ҷиноятии Тоҷикистон ва Русия, инчунин шавқу рағбати кормандон барои баланд бардоштани самараи касбӣ афзун гардид.  

Февраль 11, 2014 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш