Сафари кори М. Ҷабборӣ ба ноҳияи Варзоб
Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъии иҷтимоии аҳолии ноҳияи Варзоб ба ин ноҳия ташриф овард. Нахуст Марҳабо Ҷабборӣ аз Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб дидан намуд. Дар Муассисаи мазкур се шуъба барои «Муолиҷаи кӯдакони гирифтори бемориҳои узвҳои такяву ҳаракат», «Фалаҷи кӯдакони майнаи сар бо нимфалаҷ» ва шуъбаи «Тавонбахшии доимамалкунанда барои 30 нафар кӯдакони маъюби зеҳнию ҷисмонӣ бо яке аз волидайнашон» фаъолият мекунад. Муовини Сарвазири мамлакат ба масъулону мураббиёни Муассиса ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани назорат ва хизматрасонӣ ба кӯдакону наврасон маслиҳатҳои муфид дод. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чорбоғ бо намояндагони занону ҷавонон ва иттиҳодияҳои динӣ оид ба рафъи мушкилоти ҷойдошта дар ҷомеа сӯҳбати озоду созанда ҷараён гирифт. . Инчунин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ аз Кӯдакистони №1, муассисаҳои таълимии №6, 40, гимназияи №1 ва Маркази саломатӣ дидан намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тавсияву дастурҳо дод. Ҳангоми вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Варзоб муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ҷиҳати рушди соҳаи туризм, вазъи бунгоҳҳои тиббӣ, таълиму тарбияи ҷавонон, даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, муҳоҷирати меҳнатӣ, омӯзиши забони хориҷӣ сӯҳбат намуда, ҳозиринро барои риояи қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» даъат намуд. Дар ин сафари якрӯза муовини Сарвазири мамлакатро мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода ҳамроҳӣ кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






