Сатҳи обанбори Норак мӯътадил аст
Душанбе, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- То имрӯз як худи пойтахти Тоҷикистон ҳар шабонарӯз 16 миллион киловатт — соат неруи барқро истифода менамояд, ки ин назар ба нишондодҳои моҳҳои гузашта хеле зиёд аст. Муовини раиси Ширкати кушодаи саҳҳомии холдингии «Барқи тоҷик» Мирзо Иброҳимов дар нишасти матбуотӣ дар ин бора хабар дод.
Мувофиқи суханони номбурда, вазъияти таъмини аҳолӣ бо неруи барқ мӯътадил буда, алҳол сатҳи обанбори Норак баробари 882,67 метр мебошад, ки ин қобили қабул аст.
«Бо назардошти ин, ҳоҷати дар пойтахт ҷорӣ намудани реҷаи истифодаи неруи барқ нест. Мо ҳатто ният дорем, ки бо фароҳам омадани шароити мусоид ин реҷаро дар минтақаҳо ҳам сабук гардонем», — қайд намуд Мирзо Иброҳимов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






