Сохтмони 15 иншоот дар ноҳияи Шуғнон

Февраль 19, 2014 16:51

            Хоруғ, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёев зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баён дошт, ки яке аз омилҳои рушди иқтисод- ин равнақу ривоҷ додани риштаи соҳибкорӣ мебошад. Алъон теъдоди соҳибкорон  дар ноҳия ба 299 нафар расидааст, ки 83 нафари онҳо бо шаҳодатнома фаъолият доранд. Мақомоти давлатӣ ҳамеша кӯшиш мекунанд барои соҳибкорон шароити мусоид фароҳам оварад.  Раиси ноҳия гуфт, ки аз бонкҳои мустақар дар ноҳия низ даъват намудем, ки  дар ин самт моро дастгирӣ  намоянд.  Соли гузашта бонкҳо ба ин табақаи ҷомеа  наздики 6 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намуданд. Аммо бештари соҳибкорон ба хариду фурӯш машғул буда, дар ташкили корхонаҳои тавлидотӣ саҳми ночиз доранд. Лоиҳа ва бизнес -нақшаҳои воқеиро ба бонкҳо кам ироа медоранд. Барои таъсиси корхонаҳои хурд аз ҳама муҳим мавҷуд будани неруи барқ мебошад, ки дар вилояти мо камбуди барқ эҳсос намешавад.   
           Фаъолияти муназзами  корхонаи коркарди санг мавсум ба «Лаъл» ва фабрикаи дӯзандагии «Ҳаёт» аз ин шаҳодат медиҳад. Ба гуфтаи раиси ноҳия соли равон дар деҳаи Богев аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ  корхонаи ордбарорӣ ва анбори нигаҳдорӣ барои ғаллаву орд бунёд хоҳад шуд. Ҳамчунин сохтмони биноҳои нави маъмурӣ барои кормандони нозироти андоз, шуъбаи меҳнат, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта», бахши омор ва амсоли инҳо идома дорад. Ба ҷуз ин дар маркази маъмурии ноҳия- шаҳраки Ваҳдат сохтмони 12 иншооти маъмурию маишӣ ва фарҳангию маориф бо ҷалби бештар аз  30 миллион сомонӣ давом дорад.
 
 

Февраль 19, 2014 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд